ЭТИКА

Одоби (этикаи) интишороти илмӣ

Ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар фаъолияти хеш ба принсипҳои одоби интишороти аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабулгардида ва дар тавсияҳои Кумитаи одоби интишороти илмӣ (Committee on Publication Ethics (COPE), Кодекси одоби интишороти илмӣ инъикосёфта такя намуда, таҷрибаи пурқимати маҷаллаву нашриёти бонуфузи байналмилалию ватаниро ба эътибор мегиранд.
Бо мақсади дар фаъолияти нашриявӣ роҳ надодан ба ҳодисаҳои манфӣ (плагиат (сирқат), пешниҳоди маълумоти эътимодбахшнабуда) ва бо мақсади таъмини сифати баланди интишороти илмӣ, аз тарафи ҷомеа эътироф шудани натиҷаҳои илмии бадастовардаи муаллиф, ҳар як узви ҳайати таҳририя, муаллиф, муқарриз, ношир, инчунин муассисаҳои дар раванди интишор ширкаткунанда уҳдадоранд, ки меъёру қоидаҳои одобро риоя намоянд ва барои пешгирии ҳодисаҳои номақбули дар боло зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Аз тарафи ҳамаи ширкаткунандагони ин раванд риоя шудани қоидаҳои одоби интишороти илмӣ имконият фароҳам месозад, ки ҳуқуқи муаллифон барои моликияти зеҳнӣ таъмин гардида, сифати нашрия беҳтар ва имконияти аз тарафи шахсони алоҳида ғайриқонунӣ истифода шудани маводи муаллифӣ аз байн бурда шавад.
Мафҳумҳои асосие, ки дар ин раванд мавриди истифода қарор дода мешаванд:
Одоби интишороти илмӣ системаи меъёрҳои ахлоқии касбӣ мебошад, ки дар мавриди муносибати тарафайни муаллифон, муқарризон, муҳаррирон, ноширон ва хонандагон дар раванди паҳн кардан ва истифода бурдани интишороти илмӣ ба кор бурда мешавад.
Муаллиф шахс ё гурӯҳи шахсоне (ҳаммуаллифон) мебошанд, ки дар раванди ташкили нашри натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ширкат менамоянд.
Сармуҳаррир шахсе мебошад, ки ба кори идораи таҳрир сарварӣ намуда, дар бобати нашри маҷалла қарори ҳалкунанда қабул мекунад.
Ношир шахси ҳуқуқӣ ё воқеие мебошад, ки ба нашр расидани интишороти илмиро амалӣ месозад.
Мақолаи илмӣ осори ба итмомрасида ва ба нашррасондаи муаллиф мебошад.
Плагиат (сирқат) қасдан аз худ намудани асари илмӣ, санъат ва ё ихтирооти шахси бегона мебошад. Плагиат вайронкунии қонунгузории муаллифӣ-ҳуқуқӣ ва қонунгузории патентӣ ба ҳисоб рафта, ба ҳамин сифат ҷавобгарии ҳуқуқиро дар пай дорад.
Муҳаррир намояндаи маҷаллаи илмӣ ва ё нашриёт ба ҳисоб рафта, маводро мувофиқи талабот ба чоп тайёр менамояд ва то мавриди зарурӣ бо муаллифон муоширатро нигоҳ медорад.
Ҳайати таҳририя мақоми машваратӣ маҳсуб ёфта, аз шахсони соҳибилму соҳибмаърифат ташкил шудааст ва онҳо ба сармуҳаррир дар интихоб, омодасозӣ ва баҳодиҳии мақолаҳои ба чоп пешниҳодшаванда кумак мерасонанд.
Муқарриз-эксперт шахсест, ки аз номи маҷаллаи илмӣ ва ё нашриёт амал намуда, ташхиси (экспертиза)-и илмии маводи муаллифиро бо мақсади ба чоп сазовор будани он амалӣ месозад.
Дастхат осори хаттии муаллиф мебошад, ки пештар дар ягон ҷо чоп нашудааст ва ба идораи маҷалла бо мақсади нашр кардан пешниҳод гардидааст.

1. Принсипҳои этикаи касбӣ дар фаъолияти ношир

Ношир дар фаъолияти худ барои пешниҳоди умум гардондани осори муаллифон масъулият бар дӯш дорад, аз ин рӯ, бояд принсипҳои асосӣ ва тартиботи зеринро риоя намояд:
1.1. Ба иҷроиши уҳдадориҳои этикӣ аз тарафи редаксия, гурӯҳи редаксионӣ-ноширотӣ, ҳайати таҳририя, муқарризон ва муаллифон мусоидат намояд.
1.2. Дар мавриди ҳалли эътироз нисбат ба ҷанбаҳои этикии маводи чопшаванда редаксияи маҷалларо дастгирӣ намуда, ба ҳамкорӣ бо дигар маҷаллаҳо (ноширон) кумак расонад.
1.3. Махфияти мақолаҳои муаллифон ва дигар иттилооти дилхоҳро то лаҳзаи ба нашр расидани онҳо нигоҳ дорад.
1.4. Масъулияти онро, ки фаъолияти маҷалла лоиҳаи тиҷоратӣ набуда, мақсади он гирифтани даромад нест, дарк намояд.
1.5. Дар мавриди зарурӣ ба чопи ислоҳ, фаҳмондадиҳӣ, рад намудан ва узрпурсӣ омода бошад.
1.6. Ба редаксияи маҷалла барои аз чоп баргашта гирифтани мақолаҳои плагиатдошта ва маълумоти боэътимоднадошта имконият диҳад.
1.7. Нашриёт (муҳаррир) ҳуқуқ дорад ҳангоми ба қоидаҳои дар маҷалла қабулшуда ва бо нашриёт мувофиқгардида мувофиқ набудани дастхати мақола онро ба муаллиф баргардонад ва ба ӯ коркарди иловагиро пешниҳод намояд.
1.8. Дар мавриди ба чоп қабул шудани мақола он дар дастрасии кушод қарор гирифта, ҳуқуқи муаллифӣ нигоҳ дошта мешавад.
1.9. Ҳангоми дар мақола ошкор шудани ғалатҳои грамматикӣ, услубӣ ва ғалатҳои дигар редаксия уҳдадор аст, барои ислоҳи онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад.
1.10. Дар хусуси ислоҳи ба мақола воридшаванда бо муаллиф машварат намояд.
1.11. Ба чопи саривақтии шумораи маҷалла мусоидат намояд.

2. Принсипҳои этикие, ки муаллифони мақолаҳои илмӣ бояд риоят кунанд

Муаллиф (ё гурӯҳи муаллифон) ҳангоми пешниҳоди мавод ба маҷаллаи илмӣ бояд дарк кунад (кунанд), ки дар навбати аввал барои навоварӣ ва эътимоднокии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ масъуланд ва ҷиҳати иҷрои ин масъулият принсипҳои зеринро бояд риоят кунанд:
2.1. Муаллифон муваззафанд натиҷаҳои боэътимоди таҳқиқоти гузарондаи худро пешниҳод намоянд. Қасдан пешниҳод кардани тасдиқоти ғалат ва ё бардурӯғ қобили қабул нест.
2.2. Муаллифон бояд кафолат диҳанд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти дар дастхати мақола инъкосёфта ҳақиқӣ ва аслианд. Аснод ва тасдиқоти иқтибосшуда бояд бо овардани ному насаби муаллиф ва сарчашмаи истифодашуда нишон дода шавад. Аз ҳад зиёд истифода шудани иқтибос ва плагиат дар кадом шакле, ки набошад, инчунин иқтибосҳои ишоранашуда, шаклдигаркунӣ ва ё аз худ кардани натиҷаҳои таҳқиқоти бегона, ғайриэтикӣ ба ҳисоб рафта, қобили қабул нест. Дар мақола мавҷуд будани иқтибоси ишоранашуда аз ҷониби ҳайати таҳририя ҳамчун плагиат шуморида мешавад.
2.3. Муаллифон дар дастхатҳо бояд маълумот ва далелҳои ҳақиқиро нишон диҳанд; барои санҷиш ва такрори таҷрибаҳои аз тарафи муҳаққиқон гузаронидашуда маълумоти кофиро пешниҳод намоянд; иттилоотеро, ки ба тартиби хусусӣ ба даст омадааст, бе иҷозати хаттӣ истифода набаранд ва ба сохтакории маълумот роҳ надиҳанд.
2.4. Ба такроран чоп шудани мақола роҳ надиҳад (муаллиф дар мактуби ҳамроҳӣ бояд нишон диҳад, ки кори илмии ӯ бори аввал ба чоп пешниҳод мегардад). Дар мавриде, ки баъзе унсурҳои алоҳидаи дастхат пештар нашр шуда бошанд, муаллиф бояд ба кори пешина истинод намояд ва фарқияти кори навро аз кори пешина нишон диҳад.
2.5. Муаллифон аз ирсоли мақолае, ки ба маҷаллаи дигар фиристода шудаасту он мавриди ташхис қарор дорад, ҳамчунин мақолае, ки дар маҷаллаи дигар нашр шудааст, бояд худдорӣ намоянд.
2.6. Зарур аст, ки саҳми ҳамаи он афроде, ки ба рафти таҳқиқот бевосита ва ё бавосита таъсир расондаанд, ба ҳисоб гирифта шавад ва дар мақола кори таҳқиқотии онҳо ишора гардад.
2.7. Муаллифон ҳангоми танқид ва эродгирӣ ба таҳқиқоти шахсони дигар бояд меъёрҳои этикиро риоя намоянд.
2.8. Ба сифати ҳаммуаллиф бояд шахсоне нишон дода шаванд, ки дар гузаронидани таҳқиқот саҳм гузоштаанд. Шахсонеро, ки дар ин кор саҳмгузор нестанд, ба ҳайси ҳаммуаллиф нишон додан ба мақсад мувофиқ нест.
2.9. Муаллифон ба кори ҳайати таҳририя ва муқарризон боэҳтиром муносибат намоянд ва барои бартараф кардани камбудиҳои нишондодашуда ва ё бо далелҳои эътимоднок исбот кардани дурустии онҳо ҷаҳд намоянд.
2.10. Муаллифон вазифадоранд мақолаҳои худро тибқи қоидаҳои қабулнамудаи маҷалла омода ва пешниҳод намоянд.
2.11. Агар муаллиф дар давраи мавриди ташхис қарор доштани мақола ва ё баъди ба чоп расидани мақола дар он камбудии ҷиддӣ ва ё носаҳеҳиро ошкор намояд, бояд аз ин идораи маҷалларо ҳар чӣ зудтар огоҳ созад.
2.12. Муаллифон дар мавриде, ки аз тарафи шахсони сеюм ба идораи маҷалла ва ё нашриёт аз камбудиҳои ҷиддии дар мақолаҳои онҳо ҷойдошта маълумот ирсол мешавад, бояд барои исботи дурустии мақолаашон ба идораи маҷалла ва нашриёт далелҳои боэътимод пешниҳод созанд ва дар акси ҳол метавонанд камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд.

3. Принсипҳои этикӣ дар фаъолияти муқарризон

Муқарриз ташхиси (экспертизаи) илмии маводи муаллифонро амалӣ месозад, аз ин рӯ, дар фаъолияти он бояд мақсадҳои ғаразнок ҷой надошта бошад ва ин риояи принсипҳои зеринро тақозо менамояд:
3.1. Дастнависе, ки ба тақриз пешниҳод шудааст, ҳамчун ҳуҷҷати махфӣ баррасӣ мегардад, аз ин рӯ, шиносшавӣ ва муҳокимаи он аз тарафи шахсони ба ин кор ваколатнадошта иҷозат дода намешавад.
3.2. Муқарриз вазифадор аст, дарк намояд, ки дастхати ба ӯ супурдашуда моликияти зеҳнии муаллиф ҳисоб меёбад ва маълумотест, ки паҳнкунии он мамнӯъ аст. Вайрон кардани махфияти он танҳо дар мавриде имконпазир аст, ки агар муқарриз дар хусуси дар мақола мавҷуд будани маълумоти беэътимод ва ё сохтакорӣ ибрози назар намояд.
3.3. Муқарриз диққати сармуҳаррирро ба мавҷудияти монандии пурра ва ё қисман ба дастхати ягон мақолаи дигар монандӣ доштани он, инчунин мавҷуд набудани ишораҳо, хулосаҳо ва ё далелҳое, ки дар дигар корҳои ин ё он муаллифон пештар ба нашр расидаанд, равона созад.
3.4. Муқарриз корҳои ба мақолаи додашуда мувофиқи нашр мешударо, ки дар мақола ишора нашудаанд, бояд дар тақриз қайд намояд.
3.5. Муқарриз ба натиҷаҳои таҳқиқоти дар мақола овардашуда бояд баҳои ҳаққонӣ ва асоснок диҳад, тавсияҳои хешро асоснок пешниҳод намояд. Танқиди шахсияти муаллиф раво нест.
3.6. Эроду дархостҳои муқарриз бояд объективона ва принсипиалӣ бошанд ва ба баланд шудани сатҳи илмии дастхати мақола равона гардад.
3.7. Муқарриз дар асоси далелҳои мушаххас қарор қабул намояд ва қарори худро бо далелҳои боэътимод асоснок гардонад.
3.8. Ба муқарриз нусхабардории дастхат бо мақсади истифодаи шахсӣ иҷозат дода намешавад.
3.9. Муқарриз ҳуқуқ надорад, ки аз донишҳои мундариҷаи кор (мақола) то нашри он ба манфиати худ истифода барад.
3.10. Муқарризе, ки ба андешаи худаш барои баҳодиҳии дастхат қобилият надорад ва ё ба он баҳои объективӣ дода наметавонад, бояд ба муҳаррир дар бораи аз раванди тақриздиҳии мақола озод намуданаш дархост пешниҳод намояд.
3.11. Тақриз ба мақола махфӣ мебошад. Ному насабаи муқарризро бояд танҳо котиби масъул ва сармуҳаррир донанд ва ин иттилоот бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад.

4. Принсипҳои этикаи касбӣ дар фаъолияти сармуҳаррир

Сармуҳаррир дар фаъолияти худ барои оммавӣ гардондани асарҳои муаллифӣ масъул буда, аз ҷониби ӯ риоя шудани принсипҳои асосии зерин зарур мебошад:
4.1. Ҳангоми қабули қарор дар хусуси нашри мақола сармуҳаррир ба эътимоднокии маълумоти пешниҳодшуда ва аҳамияти илмии кори таҳқиқотӣ такя намояд.
4.2. Сармуҳаррир муҳтавои зеҳнии дастхати пешниҳодшударо новобаста аз нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, баромади иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва ё тамоюли сиёсии муаллиф арзёбӣ бояд намояд.
4.3. Маълумоти дар мақолаҳои чопнашуда мавҷудбуда набояд бо мақсадҳои шахсӣ истифода шавад ва ё бе розигии хаттии муаллиф ба шахсони дигар дода шавад. Иттилоот ва ё ғояе, ки дар рафти таҳрири маводи илмӣ ба даст омадааст ва дорои афзалиятҳои имконпазир мебошанд, бояд махфӣ нигоҳ дошта шаванд ва бо мақсади гирифтани фоидаи шахсӣ истифода нагарданд.
4.4. Сармуҳаррир бояд ба чопи иттилооте, ки барои плагиат будани он асоси кифоя мавҷуд аст, роҳ надиҳад.
4.5. Сармуҳаррир дар фаъолияти кории худ уҳдадориҳои зеринро бар дӯш дорад:
— маҷалларо мунтазам такмил диҳад;
— принсипи озодии афкорро риоя намояд;
— кӯшиш намояд, ки то талаботи хонандагон ва муаллифони маҷалларо қонеъ гардонад;
— ба қарор дар бораи нашри мақола таъсири манфиатҳои тиҷоратӣ ва сиёсӣ расондани мақомот ва шахсони алоҳидаро бартараф созад;
— дар хусуси чопи мавод тибқи риояи меъёрҳои асосии зерин қарор қабул кунад: ба мавзӯоти маҷалла мувофиқ будани мақола; муҳиммият, навгонӣ ва аҳамияти илмии мақола; баёни равшан; эътимоднокии натиҷаҳо ва хулосаҳои баанҷомрасида. Сифати таҳқиқот ва муҳиммияти он барои нашршавии он асос ба ҳисоб мераванд;
— барои таъмини сифати баланди маводи чопшаванда ва ҳимояи махфияти иттилооти шахсӣ андешидани чораҳои зарурӣ;
— ҳангоми қабули қарор дар хусуси чопи мақола ба ҳисоб гирифтани тавсияи муқарризон. Масъулият барои қабули қарор дар хусуси чопи мақола бар дӯши ҳайати таҳририяи маҷалла мебошад;
— асоснок кардани қарори худ дар бораи нашри мақола ва ё рад кардани он;
— ба муаллифи мақолаи тақризшаванда барои асоснок намудани мавқеи таҳқиқотии худ муҳайё кардани имконият;
— дар мавриди иваз шудани ҳайати таҳририя бекор накардани қарори қабулнамудаи ҳайати таҳририяи пешина дар хусуси нашри мақола.
4.6. Сармуҳаррир дар якҷоягӣ бо ношир бояд ягон даъвои ба таҳрири дастхат ва ё нашри мақола марбутбударо бе ҷавоб намонанд, илова бар ин, ҳангоми сар задани ҳолати ихтилофнок барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Принсипҳое, ки ҳангоми чопи мақолаҳо бояд ба роҳбарӣ гирифта шаванд:

5.1. Аз тарафи ҳайати таҳририя риоя шудани этикаи интишоротӣ;
5.2. Ҳангоми рад кардани чопи мақола риоя кардани принсипҳои роҳбарӣ;
5.3. Нигоҳ доштани ягонагии мактуби академикӣ;
5.4. Дар аснои мавҷуд будани манфиатҳои тиҷоратӣ пешгирӣ кардани зарар ба меъёрҳои зеҳнӣ ва этикӣ;
5.5. Дар мавриди зарурӣ омода будан ба нашри ислоҳ, тафсир, радкунӣ ва узрхоҳӣ;
5.6. Пешгирӣ кардани нашри маводи плагиат ва маълумоти қаллобона.

6. Мухолифати манфиатҳо

Бо мақсади пешгирии вайронкунии этикаи нашр мухолифати манфиатҳои ҳамаи тарафҳои дар раванди интишори дастхат иштироккунандаро бартараф кардан зарур аст. Мухолифати манфиатҳо дар мавриде сар мезанад, ки дар байни муаллиф, муқарриз ва ё ҳайати таҳририя муносибатҳои нофаҳмои молиявӣ, илмӣ ва ё шахсӣ ба вуҷуд омада, он ба амалҳои онҳо таъсир мегузорад. Чунин муносибатҳо муносибатҳои дуҷониба, манфиатҳои рақобатӣ ва хушмуомилагии рақобатӣ номида мешаванд.
Бо мақсади пешгирии мухолифати манфиатҳо ва дар мувофиқат бо меъёрҳои этикии қабулнамудаи маҷалла ҳар яке аз тарафҳо уҳдадориҳои зеринро бар дӯш доранд.
Муҳаррир уҳдадор аст:
— ҳангоми сар задани мухолифати манфиатҳо байни муаллифи мақола ва муқарриз барои тақриздиҳӣ муқарризи дигарро таъин намояд;
— аз ҳамаи иштирокдорони раванди чопи дастнависи мақола дар хусуси сар задани манфиатҳои рақобатӣ иттилоъ ба даст орад;
— дар хусуси ба нашр расондани иттилооти дар номаи муаллиф пешниҳодшуда, ки ба мухолифати илмӣ ва ё манфиатҳои молиявӣ рабт дораду махфиятро талаб накарда, ба баҳодиҳии кори чопшуда таъсир мерасонад, қарор қабул намояд;
— чопи ислоҳеро, ки баъди ба нашр расидани мақола тибқи сар задани мухолифати манфиатҳо ба идораи маҷалла ирсол гардидааст, таъмин намояд.
Муаллиф уҳдадор аст:
— ҷои кори худ ва сарчашмаи маблағгузории таҳқиқотро нишон диҳад.
Муқарриз уҳдадор аст:
— ба сармуҳаррир дар хусуси мавҷуд будани мухолифати манфиатҳо (ҳолатҳои дуҷониба, манфиатҳои рақобатӣ) иттилоъ диҳад ва аз ташхиси дастхати мақола даст кашад.

Вайронкунии этикаи интишоротӣ

Ҳангоми аз тарафи муҳаррир, муаллиф ва ё муқарриз вайрон шудани этикаи интишоротӣ зарурати таҳқиқоти ҳаматарафаи ҳолати бавуқӯъомада ба миён меояд. Ин ҳам ба маводи нашршуда ва ҳам чопнашуда дахл дорад. Ҳайати таҳририя вазифадор аст, ки дар ин ҳолат бе ҷалби шахсони дар байнашон мухолифати манфиатҳо ҷойдошта, аз ҳар ду тараф дар алоҳидагӣ фаҳмондани моҳияти масъаларо тақозо намояд.
Агар маводи бачопрасида ғалат ва носаҳеҳии зиёд дошта бошад, он бояд ба зудӣ дар шакли барои хонанда ва системаи шохисгардонӣ дастрас ислоҳ карда шавад.