1. Таҳияи мақолаҳо

Мақолаҳое, ки ба суроғаи маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ирсол мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

Идораи маҷалла мақолаҳоеро қабул менамояд, ки бо таҳриргари WinWord таҳия гардидаанд. Мақола бояд ҳам дар шакли коғазӣ ва ҳам электронӣ пешниҳод карда шавад. Расмҳо, ҷадвалҳо, графикҳо, диаграммаҳо бояд ба таври илова дар шакли файли алоҳида пешниҳод гарданд:

  • дар сатри якуми мақола рақами УДК нишон дода мешавад.
  • дар сатри дуюм бо ҳарфҳои калон номи мақола, масалан «ФАРҶОМИ РӮЗГОРИ АМИР МУИЗЗӢ» оварда мешавад.
  • дар сатри сеюм насаб, ном ва номи падари муаллиф, номи муассисае, ки муаллиф дар он ҷо кор мекунад, нишон дода мешавад.
  • баъди як сатри холӣ матни асосӣ ҷой дода мешавад.
  • дар поёни матн рӯйхати манбаъҳои истифодашуда зери сарлавҳаи «АДАБИЁТ» (на бо тартиби алифбо), балки мувофиқи ҷойгиршавии онҳо дар матн оварда мешавад.
  • пас аз рӯйхати адабиёт мазмуни мухтасари мақола (аннотатсия) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешкаш мегардад. Ҳаҷми аннотатсия дар маҷмӯъ набояд аз 1,5 саҳифаи чопӣ кам бошад. Вобаста ба ҳар як аннотатсия дар зери он калидвожаҳо пешкаш мегарданд, ки бояд аз 5 то 10 калимаро дар бар гирад.

Матни мақола бо шрифти Times New Roman ҳуруфчинӣ мегардад:

  • андозаи ҳарфҳо – 14 кегел;
  • фосилаи байни сатрҳо 1,5 см;
  • ҳошия аз боло 2,0 см, аз тарафи чап 3,0 см, аз тарафи рост 1,5 см ва аз поён 2,0 см.

Ишора ба адабиёти истифодашуда баъди овардани иқтибос дар қавсайни квадратӣ мувофиқи рӯйхати сарчашмаи иқтибосшуда оварда мешавад, масалан [1, с. 12].