АСОСӢ

Дар бораи маҷалла

Маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» (силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ) нашрияи даврии донишоҳ ба шумор меравад. Дар ибтидо (аз соли 2008) он таҳти унвони «Масъалаҳои равоншиносӣ ва омӯзгорӣ», сипас (аз соли 2013) ҳамчун «Паёми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав» ба чоп расида, аз соли 2018 таҳти унвони «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» нашр мешавад. Айни замон «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар се моҳ як мартиба чоп шуда, рақами обунавии он дар рӯйхати муттаҳидаи «Почтаи Тоҷик» 77737 мебошад.

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда (шаҳодатномаи №092/МҶ-97, аз 21.01.2019), ба он рақами стандартии байналхалқии нашрияи сериявӣ ISSN 2663-5534 дода шудааст.

«Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар Шохиси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) Russian Science Citation Index (RSCI) ворид карда шудааст.

Дар асоси ин маҷалла ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.12.2020, бо фармони №266, аз 4.12.2020, ворид гардидааст. «Рӯйхат …» шумо метавонед дар сомонаи vak.tj бубинед.

Дар маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» мақолаҳо аз рӯи соҳаҳои зерини илм ба нашр мерасанд:

  • 10.00.00 – Илмҳои филологӣ,
  • 13.00.00 – Илмҳои педагогӣ,
  • 08.00.00 – Илмҳои иқтисодӣ.

Ҳамаи мақолаҳои ба идораи маҷалла воридшуда аз ҷониби редаксияи илмии соҳаи мувофиқ мавриди тақриз қарор мегиранд. Муҳлати чопи мақола аз рӯзи воридшавӣ то 6 моҳро ташкил медиҳад.

Нашри ҳамаи мақолаҳо тавассути пардохти маблағ аз ҷониби муаллифон сурат мегирад. Ҳаҷми маблағи пардохтшаванда бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ муқаррар карда мешавад.