ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 23 январи соли 1978 ҳамчун филиали Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таъсис ёфта, сипас (с. 1992) он ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав табдили ном кардааст. Соли 2018, бинобар шаҳри Бохтар ном гирифтани шаҳри Қӯрғонтеппа, донишгоҳ номи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро гирифт.
Айни замон Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз марказҳои асосии илмии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ дар соҳаи илмҳои бунёдӣ ва амалӣ маҳсуб меёбад. Донишгоҳ дар доираҳои илмии кишвар бо дастовардҳои худ дар бобати масъалаҳои бунёдии математика, физика, химия ва биология маъмулу маъруф аст. Олимони донишгоҳ аз рӯи супоришу дархостҳои корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ корҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотиро ба иҷро расонида, дар иҷроиши барномаҳои мақсаднок ва Лоиҳаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд. Дастовардҳо ва кашфиёти олимони донишгоҳ дар корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ва умуман ҷумҳурӣ пурсамар татбиқ карда мешаванд. Дар робита ба ин ба фаъолияти инноватсионӣ диққати асосӣ дода мешавад.
ДДБ ба номи Носири Хусрав ба омӯзгорон ва докторантон дар чопи китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва монографияҳо кумаки ҳамаҷониба мерасонад. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳамасола қариб 80 номгӯи китобҳо, воситаҳои таълимӣ ва дигар маводи чопӣ ба нашр расонида мешавад. Дар донишгоҳ маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ва ҳафтаномаи «Фурӯғ» мунтазам нашр мешаванд, ки дар онҳо мақолаҳои илмию методии устодон, докторантон, унвонҷӯён, инчунин донишҷӯён ба табъ расонида мешаванд.
Донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ, конференсияҳо, озмунҳои корҳои илмӣ ва намоишгоҳҳо мунтазам ширкат менамоянд. Донишҷӯёни донишгоҳ ба гирифтани идрорпулии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор мегарданд.
Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба баланд гардидани мавқеи донишгоҳ дар низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интегратсияи минбаъдаи он дар таҳсилот ва ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ равона гардидааст. Дар донишгоҳ зиёда аз 229 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 3 кишвари хориҷии дуру наздик таҳсил менамоянд. Донишгоҳ бо 24 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав узви Ассотсиатсияи байналхалқии донишгоҳҳо ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё мебошад. Самти муҳимми ҳамкории байналмилалии донишгоҳ ташкил ва рушди шабакаҳои марказҳои фарҳангӣ-забонӣ маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии шарикон – донишгоҳҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда фаъолият менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён ба фарҳанг ва анъанаҳои мамлакате, ки забонаш омӯхта мешавад, шинос шаванд, забономӯзии худро такмил диҳанд.
ДДБ ба номи Носири Хусрав дар барномаҳо ва лоиҳаҳои Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ, Барномаи аврупоии таҳсилот TEMPUS, Erasmus+ ва ғайра фаъолона ширкат менамояд.
Дар донишгоҳ ба корҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ диққати калон дода мешавад. Дар назди донишгоҳ клуби варзишӣ, майдонҳои муҷаҳҳази варзишӣ амал менамоянд, ки дар мустаҳкам гардидани саломатии донишҷӯён ва афзун шудани дастовардҳои варзишии онҳо саҳми муносиб мегузорад. Натиҷаи ҳамин аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ ҳамасола дар мусобиқаҳои варзишии умумиҷумҳуриявӣ ва байнидонишгоҳӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд.
Ансамбли халқии «Левакант» ифтихори донишгоҳ маҳсуб ёфта, он на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ маълуму машҳур гардидааст.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав айни замон яке аз муассисаҳои олии таълимии мунтазам рушдёбанда ба ҳисоб рафта, барои амалӣ сохтани барномаи такмили таҳсилот, таъмини омодагии босифати мутахассисон ҳамаи имкониятҳоро дар ихтиёр дорад.