Маводе, ки ба редаксияи маҷалла пешниҳод мегардад, бояд дар шакл чор файли алоҳида таҳия шавад:
1. матни мақола (тоҷикӣ ё русӣ бо аннотасия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
2. иттилоот ба забони англисӣ;
3. маълумот дар бораи муаллиф ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
4. нусхаи скании бланкаи ризоияти тасдиқшуда blank-2021.doc.
Ҳар як файл бояд аз рӯи ному насаби муаллиф тибқи алифбои лотинӣ рақамгузорӣ шавад (масалан, Boboev1, Boboev2, Boboev3, Boboev4).
Бланкаи розигӣ бояд аз тарафи муаллиф имзо ва аз ҷониби ташкилоте, ки дар он муаллиф кор ё таҳсил мекунад, тасдиқ шуда бошад.
Ҳаҷми ҳадди аққали мақола – 15 саҳифа.
Дар сурати риоя нагардидани яке аз талаботи пешниҳодшуда мақолаҳо аз тарафи редаксия қабул карда намешаванд.